Оё мактабҳои пойтахт бо гармӣ таъминанд? Муовини Раиси шаҳри Душанбе бо вазъи зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ шинос гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода дирӯз аз якчанд муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур дидан намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Аз ҷумла, онҳо бо вазъи зимистонгузаронии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, 55 ва муассисаи таҳсилоти томактабии №27-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шинос гардиданд.
Зимни боздид аз муассисаҳои таълимии зикргардида маълум шуд, ки роҳбарият, мураббиёну омӯзгорон ва шахсони масъул дар ҷойи кор ҳозир буда, ҳуҷҷатгузории худро ба танзим медароварданд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар муассисаҳои мазкур бо мураббиёну омӯзгорон суҳбат намуда, ба масъулин ҷиҳати гарм нигоҳ доштани муассисаҳо дар рӯзҳои сард дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон дар ин рӯз сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода оид ба масъалаи зикршуда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №21, 100 ва масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дидан намуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон (муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ), новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дарс оғоз гардид.
Аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз шуда буд, аммо бинобар сард шудани ҳаво таътили зимистона то 20 январ тамдид гардид.
Дар шаҳри Душанбе 8 муассисаи ибтидоӣ, 12 асосӣ, 171 миёнаи умумӣ, 146 буҷетии ноҳиявию шаҳрӣ, 9 буҷетии ҷумҳуриявӣ, 12-то дар назди ташкилоту идораҳо, 26 адад хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 268 ҳазору 942 хонанда таҳсил менамоянд.
Ҳамзамон дар ҳудуди пойтахт 157 муассисаи томактабӣ фаъолият намуда истодаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






