Оё мактабҳои пойтахт бо гармӣ таъминанд? Муовини Раиси шаҳри Душанбе бо вазъи зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ шинос гардид

Январь 20, 2023 10:27

ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи  зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода дирӯз аз якчанд муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур дидан намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Аз ҷумла, онҳо бо вазъи зимистонгузаронии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, 55 ва муассисаи таҳсилоти томактабии №27-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шинос гардиданд.

Зимни боздид аз муассисаҳои таълимии зикргардида маълум шуд, ки роҳбарият, мураббиёну омӯзгорон ва шахсони масъул дар ҷойи кор ҳозир буда, ҳуҷҷатгузории худро ба танзим медароварданд. Муовини Раиси  шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар муассисаҳои мазкур бо мураббиёну омӯзгорон суҳбат намуда, ба масъулин ҷиҳати гарм нигоҳ доштани муассисаҳо дар рӯзҳои сард дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон дар ин рӯз сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода оид ба масъалаи зикршуда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №21, 100 ва масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дидан намуд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон (муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ), новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дарс оғоз гардид.

Аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз шуда буд, аммо бинобар сард шудани ҳаво таътили зимистона то 20 январ тамдид гардид.

Дар шаҳри Душанбе 8 муассисаи ибтидоӣ, 12 асосӣ, 171 миёнаи умумӣ, 146 буҷетии ноҳиявию шаҳрӣ, 9 буҷетии ҷумҳуриявӣ, 12-то дар назди ташкилоту идораҳо, 26 адад хусусӣ фаъолият доранд, ки  дар онҳо 268 ҳазору 942 хонанда таҳсил менамоянд.

Ҳамзамон дар ҳудуди пойтахт 157 муассисаи томактабӣ фаъолият намуда истодаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Январь 20, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд