Паёми Пешвои миллат рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни Тоҷикистонро фарогир аст
ФАЙЗОБОД, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод вакилони Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқӣ, Саодатшо Матробиён ва Файзулло Наҷмиддиниён нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба фаъолону кормандони бахшу идораҳои ноҳия тафсир намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.
Насиба Содиқӣ зикр намуд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат барои кулли сокинони мамлакат ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дар бар мегирад.
Ҳамчунин меҳмонон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод










Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






