ПЕШАКӢ БА НАҚША ГИРЕД. «Роҳҳои оҳани Россия» дар қатораҳо ба Тоҷикистон тахфиф пешниҳод намуд

Январь 9, 2023 10:06

ДУШАНБЕ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Роҳҳои оҳани Россия» (РОР) дар қатораҳо ба самти Тоҷикистон тахфиф эълон намуд, ки он дар соли 2023 амалӣ мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии ҶСК «Роҳҳои оҳани Россия» хабар медиҳад, ин зимистон аз ҷониби РОР якчанд пешниҳодҳои нави муфид ҷорӣ гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки барои сафар ба кишварҳои ҳамсоя тахфиф пешбинӣ гардидааст. Иқдоми «Тоҷикистон. Пешакӣ ба нақша гиред» роҳандозӣ шудааст. Он то 28 декабри соли 2023 амал хоҳад кард.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «РЖД -Partner.ru» хабар дода буд, ҶСК «РОР» тахфифҳои ҷорӣ барои ҳамлу нақли як қатор борҳоро барои соли 2023, аз ҷумла 50% тахфифи ҳамлу нақли воридотӣ ба меваю сабзавоти Тоҷикистон ва Узбекистонро тамдид намуд.
Ёдовар мешавем, ки нархҳо аз моҳи январи соли 2021 паст карда шуданд. Сиёсати тахфифӣ нисбат ба вагонҳои яхдонӣ аз Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқ мешавад.

Қаблан намояндаи тиҷоратии Россия Евгений Коренков ба хабаргузории “Спутник” гуфта буд, ки истеъмолкунандагони Россия ба маҳсулоти таҳти тамғаи «Made in Tajikistan» талаботи зиёд доранд. Ин маҳсулот зардолуи тару тоза ва хушк, ангур, олу, гелос ва малина ва омехтаҳои гуногуни меваҳои хушк мебошанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 9, 2023 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад