Прокуратураи генералии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони ҷумҳуриро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон қатъиян рад менамояд

Январь 7, 2023 12:45

ДУШАНБЕ, 07.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 январи соли 2023 дар Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Берик Асилов дар бораи даст доштани шаҳрвандони дигар давлатҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бетартибиҳои оммавӣ, ки моҳи январи соли 2022 ба вуқӯъ пайвастаанд, изҳори назар карда шудааст. Дар ин росто Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон қатъиян рад менамояд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Прокуратураи генералии ҶТ гуфтанд, ки тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар раванди тафтишоти пешакӣ ҷамоварии далелҳо, ки ба қатори онҳо муайян кардани шахсияти гумонбаршудагон, ҳолати саломатӣ (дар қайди диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ будан), ҳолати оилавӣ, мавҷудияти ҷои зисти доимӣ ва бақайдгирӣ дар он, хислатномаи шахс ва дигар маълумотҳо пешбинӣ шудааст.

«Ба ҳолати моҳи январи соли 2023 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё дигар маълумоти марбута оид ба ҳодисаҳои болозикр ворид нагардидааст»,- изҳор доштанд дар Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон қатъиян рад менамояд.

Қаблан дар маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи даст надоштани шаҳрвандони кишвар дар бетартибиҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон хабар дода буданд.

«Ҷониби Тоҷикистон расман аз ҷониби Қазоқистон дар бораи далелҳои иштироки шаҳрвандони кишвар дар рӯйдодҳои зикршуда маълумот нагирифтааст», — таъкид карданд дар ВКХ ҶТ.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 7, 2023 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид