Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Алҷазоир сафар намуд

Январь 28, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир  сафар намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов хабар дод.

Сафари мазкур бо даъвати Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ анҷом дода шуда, аз 28 то 31 январ идома меёбад.

Дар назар аст, ки Маҳмадтоир Зокирзода дар кори 17-умин ҷаласаи Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкории исломӣ ҳамчун майдони фарохи   вокуниш ба чолишҳои замони муосир ва  рафъи оқибатҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо дар ҷаҳони ислом нақши муҳим дорад. Созмони мазкур 57 мамлакатро муттаҳид менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони ҳамкории исломиро яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати хориҷии худ муайян намуда, дар таҳкими нақши он дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ манфиатдор мебошад ва баҳри тавсеаи ҳамкории густурда миёни давлатҳои аъзо талош меварзад.

АКС аз бойгонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 28, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон