РАМЗИ УМЕДВОРӢ. Федератсияи дзюдои Тоҷикистон нишони нави худро пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ Федератсияи дзюдои Тоҷикистон нишони (логотипи) нави худро пешниҳод кард. Гирдогирди нишон бо хатти заррин оро дода шудааст. Ин рамзи умедворист, то дзюдочиёни тоҷик дар оянда дар мусобиқаҳои байналмилалӣ медалҳои тилло ба даст оранд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Тавре иттилооъ дода шуд, дохили нишон бо ранги кабуд оро ёфтааст. Ранги кабуд аз дидгоҳи равоншиносӣ маънои устувориро дошта, дар таърих низ яке рангҳои хоси мардуми ориёитабор мебошад.
Қисмати болоии нишонро ҳафт ситора ба таври нимдоира оро медиҳанд. Дар фарҳанги анъанавии тоҷик рақами «ҳафт» рамзи муваффақият, мукаммалӣ ва таҷассуми хушбахтӣ ва накӯкорист.
Тибқи эътиқоди бостонии тоҷикон, «Ҳафт ахтар», «Ҳафт бурҷ» -и роҳи муваффақият, ҳафт минтақаи таърихӣ ва фарҳангию варзишии Тоҷикистони муосирро нишон медиҳанд.
Мобайни нишон бо нақшу нигори тоҷикӣ оро ёфтааст, ки таҷассумгари анъанаҳои миллӣ ва таърихист.
Муҳимтарин ва намоёнтарин унсури нишон- ин қувваозмоии ду паҳлавон аст, ки баёнгари варзишҳои паҳлавонӣ, бахусус дзюдо мебошад. Ҳамчунин баёнгари он аст, ки гӯштингирӣ яке аз суннатҳои қадимии мардуми тоҷик ва далели паҳлавонии он мебошад.
АКС: Федератсияи дюздои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






