Сарбозони шаҳри Бӯстон ҳамсолони худро ба ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан даъват намуданд

Январь 26, 2023 16:50

СУҒД, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар шаҳри Бӯстон таҳти унвони «Хизмати Модар- Ватанро аз дилу ҷон мекунем!» мулоқоти афсарону сарбозон бо хатмкунандагони Гимназияи 2 баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳр.

Мулоқот бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Иштирокдорон оид ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан, эҳсоси гарми ватандӯстӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Бо такя ба ин меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ҷасуру матиниродаи мо имрӯзҳо бо азму иродаи устувор, неруву ҷасорат ва мардонагӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайваста, сарбаландона марзу буми Ватани аҷдодиамонро муҳофизат карда истодаанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба мактаби мардонагиву ҷасорат, марҳилаи ташаккули инсони тавонманду чобук ва хештаншиносу ватандӯст табдил ёфта, дар камолоти ҷисмониву эҳсоси ватанпарастии насли шоистаи замон нақши арзишманд мегузорад.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Бӯстон «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2023»  тасмим гирифта шудааст, ки ҷавонписарони синни даъватӣ, ки барои адои қарзи шаҳрвандии хеш омодаанд, дар Ташкилоти мададгори мудофиа тариқи ройгон ба курсҳои кӯтоҳмуддат ба омӯзиш фаро гирифт шуда, пас аз соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардидан онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шаванд.

Зимни суҳбат сарбозони шуҷои Гвардияи миллӣ Наврӯз Хушаков ва Шаҳзод Қудратов аз шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва раванди адои қарзи шаҳрвандӣ сухан гуфта, ҳамсолони худро ба ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан ва иҷрои қарзи фарзандӣ даъват намуданд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон

Январь 26, 2023 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад