ҶСК «Бонки Эсхата» марҳилаи охирини иқдоми «Бурди афсонавӣ» – ро ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. ҶСК «Бонки Эсхата» марҳилаи охирини аксияи «Бурди афсонавӣ» ва ҳамзамон худи иқдомро ҷамъбаст намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур.
«Дар айни ҳол мо метавонем танҳо рақами он купонҳоеро, ки бурд кардаанд, нашр намоем. Ном ва насаби ғолибонро дар нашрияҳои навбатӣ ва бо розигии худи мизоҷон эълон менамоем»,- таъкид намуданд дар бонк.
Ҳамин тариқ купонҳои зерин зери рақамҳои — 1153101, ш. Душанбе
2153342, ш. Хуҷанд ва 3150430, ш. Исфара соҳиби роҳхат ба Дубай барои ду нафар гаштанд.
Смартфон iPhone 13 Pro Max-ро фаъолтарин иштирокчии иқдом – мизоҷи филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар ш.Душанбе, ки шумораи бештари купонҳоро дар моҳи декабри соли 2022 ба даст овардааст, бурд кард.
Ғолибон тавассути интихоби тасодуфӣ дар назди комиссияи махсус муайян карда шуданд.
Хотиррасон карданием, ки аз ҷониби Бонки Эсхата иқдоми “Бурди афсонавӣ” аз 09.09.2022 то 31.12.2022 сол гузаронида шуд. Дар доираи иқдоми мазкур мизоҷоне, ки бо корти VISA дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ва инчунин аз интернет ба маблағи на кам аз 100 сомонӣ хароҷот кардаанд, имконият доштанд роҳхатҳоро ба давлатҳои хориҷӣ ва смартфон iPhone 13 Pro Max бурд намоянд.
Ҳамин тавр, дар доираи иқдом ҳамагӣ 12 роҳхат ба давлатҳои Миср, Туркия ва Дубай бурд карда шуд. Чор нафар фаъолтарин иштирокчиёни иқдом соҳиби iPhone 13 Pro Max гардиданд.
АКС: «Бонки Эсхата»








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд






