«Соли 2022 бори аввал дар Тоҷикистон Бозиҳои Делфӣ баргузор гардид»,- бардошт аз нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг

Январь 30, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 30.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 бори аввал дар Тоҷикистон Бозиҳои Делфӣ баргузор гардид, ки дар он  тақрибан 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз давлатҳои ИДМ иштирок намуданд. Ин матлаб имрўз дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод  дар соли 2022 баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар нишаст тазаккур дода шуд, ки  ба ҳайати ҳакамони Бозиҳои Делфӣ зиёда аз 30 нафар рассомон, профессорон ва докторҳои санъатшиносии ИДМ дохил гардида, довталабон   аз рӯи 10 номина — фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии бадеӣ, созҳои нафасӣ ва сарояндаи анъанавӣ, сарояндаи эстрадӣ, рақси халқӣ ва  созҳои халқӣ маҳорат санҷиданд.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфта  шуд, ки  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2022 дар хориҷи мамлакат якчанд чорабиниҳои сатҳи баландро доир намуд, ки баргузории  Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва Туркманистон аз ҷумлаи онҳо  мебошанд. Дар ин сол инчунин, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуданд.

  АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд