Соли 2022 панҷумин соли гармтарин дар тӯли таърихи мушоҳидаҳо номида шуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ»Ховар»/. Соли 2022 дар тӯли таърихи мушоҳидаҳо дар Аврупо дуюмин соли гармтарин номида шуд. Ба чунин хулоса коршиносони хадамоти иқлимии Copernicus омадаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мутахассисон зикр намуданд, ки ин сол бо ҳодисаҳои шадиди иқлимӣ, ҳарорати ғайримуқаррарӣ ва консентратсияи баланди газҳои гулхонаӣ дар атмосфера тафовут кард. Хусусан, тобистони соли 2022 гармтарин давраи сабтшуда буда, тирамоҳ бошад тибқи дараҷанокии гармӣ дар сеюмин гардид.
Аз нуқтаи назари динамикаи ҷаҳонӣ соли 2022 панҷумин соли гармтарин буд. Ҳарорати миёнаи солона нисбат ба давраи аз соли 1991 то соли 2020 0,3 дараҷа гарм ва инчунин нисбат ба солҳои 1850-1900 1,2 дараҷа баланд буд.
Қаблан, Дафтари метеорологии Британия ба хулосае омада буд, ки соли 2022 гармтарин сол барои ин кишвар дар таърих аст. Ин бор ҳарорат аз натиҷаи рекордии соли 2014 боло рафт, ки он дар сатҳи 9,8 дараҷа гармӣ қарор дошт.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: Лента.ру








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






