«СОЛИ 2023-СОЛИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ». 25 январ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 25 январ Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо ҳузури кормандон ва собиқадорони соҳа ҳамоиш ва дигар чорабиниҳои идона доир карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Бо қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон соли 2023 “Соли ҳифзи меҳнат” эълон карда шудааст. Кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки асосан дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият доранд, бобати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ, такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши босазо мегузоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабр зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат супориш доданд, ки «Дар Тоҷикистон то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва инчунин саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Анҷоми босифат ва саривақтии ин супориши Пешвои миллат аз кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъулияти дучанд, касбияти воло ва садоқати бепоёро нисбат ба ин сарзамин ва мардумонаш тақозо менамояд.
Дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супориш дода буданд, ки «бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст, ки Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд».
28 майи соли 2022 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид. Консепсияи мазкур аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ: васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имконоти шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ иборат аст.
Таъкид менамоем, ки амалишавии ин Барнома низ бар зиммаи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор шудааст, ки аз онҳо нишон додани касбияти баландро тақозо менамояд.
Р.S. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии мамлакатро бо иди касбияшон муборакбод гуфта, дар анҷоми рисолати басо муҳимму масъулиятнок барояшон комёбиҳои беназирро таманно менамояд. Иди касби муборак, кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон!
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад






