ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 январ, шанбе, 14-умин рӯзи соли 2023 аст
14 январи соли 2010 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
***
10 сол пеш, 14 январи соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба муносибати 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ду мамлакат барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Парижи Фаронса маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако (Князигарӣ) баргузор гардид.
14 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Узбекистон — Рӯзи ҳимоятгарони Ватан.
РӮЙДОДҲО:
14 январи соли 2004 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.
***
6 сол пеш, 14 январи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти Оркестри асбоби мусиқии миллии вилояти Гуандуни Чин баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1972 аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳодияи пӯст ва пойафзоли Душанбе таъсис дода шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






