ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 январ, якшанбе, 15-умин рӯзи соли 2023 аст

Январь 15, 2023 08:00

15 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони вохӯрӣ доир намуданд.

***

10 сол пеш, 15  январи соли 2013 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки рушди чорводорию парандапарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ низ таъмин карда шавад.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Рустами Эмомалӣ аз  нав ба муҳлати чор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуд.

15 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Япония – Рӯзи калонсолон.

***

Рӯзи эътирофи байналмилалии Хорватия.

***

Дар Нигерия – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ ва Рӯзи хотирот.

РӮЙДОДҲО:

15 январи соли 2010 чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи Олӣ-клуби футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барои иштирок дар мусобиқоти XVIII байналмилалӣ оид ба футбол ва дарёфти «Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика ба шаҳри Москваи Россия сафар кард.

***

15 январи соли 2018 масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон  дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2001 «Википедия»- яъне Донишномаи озод ташкил шуд.

***

15 январи соли 2011 раъйпурсӣ ба хотири истиқлоли Судони Ҷанубӣ  ба охир расид, ки он 9 январ оғоз гардида буд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 1826 дар Париж аввалин шумораи рӯзномаи «LeFigaro» нашр шуд.

***

Соли 1892 омӯзгори канадагӣ-америкоӣ Ҷеймс Нейсмит аввалин маротиба қоидаҳои бозии баскетболро дар рӯзномаи мактабӣ ба нашр расонид.

Январь 15, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш