ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 январ, панҷшанбе, 5-умин рӯзи соли 2023 аст

Январь 5, 2023 08:00

5 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба сохтмони НБО «Роғун» ба мардум муроҷиат намуданд.

***

7 сол пеш, 5 январи соли 2016 бо амри Подшоҳи Арабистони Саудӣ дари Каъбатуллоҳ ба рӯйи Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон боз шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммадро (с) зиёрат карданд.

5 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА – Рӯзи миллии парандагон.

***

Дар Беларус – Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ.

РӮЙДОДҲО:

5 январи соли  2009 дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи фарҳангии ҷавонони Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

***

5 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

 ***

5 январи соли 1998 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод вохӯрии панҷ роҳбари давлатҳои осиёимиёнагии узви ИДМ – Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Ҷумҳурии Қазоқистон додани шиносномаи биометрӣ оғоз гардид.

***

5 январи соли 2010 ҳайати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири собиқи мамлакат Оқил Оқилов ба ноҳияи Ванҷ, ки  2 январи соли 2010  бар асари заминҷунбии сахт зарар дида буд, сафар карданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

5 январи соли 2016 ВАО-и Тоҷикистон хабар доданд, ки дар соҳаи тибби вилояти Суғд рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ пайваст. Нахустин маротиба дар беморхонаи клиникии №1-и маркази вилоят ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров амалиёти ҷарроҳии пайваст намудани гурдаи модараш бомуваффақият гузаронида шуд.

Январь 5, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, якшанбе, 312-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, шанбе, 311-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, ҷумъа, 310-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, панҷшанбе, 309-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, чоршанбе, 308-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, сешанбе, 307-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, душанбе, 306-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, якшанбе, 305-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 304 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст