ТАШАККУР БАРОИ ЁРӢ! Роҳдорони Қазоқистон 18 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шоҳроҳи мошингард ба ҷойи гарм таҳвил доданд

Январь 11, 2023 11:40

ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 10 январ тақрибан соати 8:30 ба вақти маҳаллӣ (9:30 ба вақти Душанбе) роҳдорони Қазоқистон 18 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 5 кӯдакро ба ҷойи гарм таҳвил дода, онҳоро бо хӯроки гарм таъмин намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба дафтари матбуоти «Қазавтожол» иттилоъ дод.

Микроавтобуси мусофирбар дар шоҳроҳи А22 «Карабутак-Қустанай» аз вилояти Актюбе ба самти шаҳри Тюмен ҳаракат мекард. Шаҳрвандон пас аз расидан ба гузаргоҳ хабардор шуданд, ки бинобар паст шудани ҳарорати ҳаво дар роҳ равуои мошинҳои бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракаткунанда манъ гардидааст. Кормандони роҳ барои ҷилавгирӣ аз ях кардани сӯзишвории дизелии микроавтобуси мусофирбар ва таъмини бехатарии одамон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷойи гарм интиқол доданд, ки онҳо дар он ҷо хуб гаштани ҳавои номусоидро мунтазир шуданд.

Бинобар сабаби беҳтар шудани обу ҳаво микроавтобус роҳи худро давом дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба роҳдорони қазоқ барои кумакашон миннатдорӣ баён карданд.

АКС: www.instagram.com/kostanay_newss

Январь 11, 2023 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд