ТОЛИБОН ОМОДА НЕСТАНД. Коршинос шарҳ дод, ки чаро дар Афғонистон ҳукумати фарогир таъсис дода намешавад
ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва дигар ҳамсояҳои наздики Афғонистон саъй доранд, ки бо Кобул равобити корӣ дошта бошанд, аммо инро эҳтиёткорона мекунанд. Ҳатто дар сурати лағви тамоми таҳримҳои Ғарб ва боз кардани захираҳои тиллову асъори худ Кобул наметавонад аз ниятҳои усулиаш даст кашад. Дар ин бора дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik муаллими калони факултети иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Мактаби шарқшиносии ДМТ МОИ ФР Андрей ЗЕЛТИН иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳушёрӣ ба ваъдаҳои иҷронашудаи ҳукумати феълии Афғонистон марбут аст.
«Толибон то ҳол он ваъдаҳоеро, ки баъди ба қудрат расидан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дода буданд, иҷро накардаанд. Ва аз ҳама асосӣ- таъсиси ҳукумати фарогир, ки то ҳол таъсис дода нашудааст», — шарҳ дод ӯ.
Зелтин зикр кард, ки ин омил чун пештара як нуқтаи ташаннуҷ бо ҳамсояҳо дар симои Тоҷикистон ва Узбакистон боқӣ мемонад, зеро қисми зиёди аҳолии Афғонистонро тоҷикону узбекони бумӣ ташкил медиҳанд. Аммо коршинос бар ин назар аст, ки бо вуҷуди фишорҳои ҷаҳонӣ, толибон ҳукумати фарогир намесозанд, ҳатто агар ин маънии лағви тамоми таҳримҳоро дошта бошад.
Вай инро ба зарурати таъсиси на танҳо ҳукумати аз ҷиҳати этникӣ гуногун, балки ҳукумати гендерие, ки Кобул ба он омода нест ва далели он манъи навбатии таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо мебошад, марбут медонад.
АКС: Sputnik








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






