ВАҲШОНИЯТИ ТОЛИБОН*. Низоме, ки зан-модарро таҳқир мекунад ва бо рафтори ҷоҳилонааш тамаддуни башариро аз байн мебарад, мубтало ба фаност
ДУШАНБЕ, 26.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар саҳифаи Фейсбук наворе паҳн гардид, ки дар он ҷангиёни Ҳаракати тундгарои «Толибон»* асбобҳои навозандаеро дар байни ҷамъи одамон оташ задаву мардро зери таҳқиру маломат ва мавриди масхара қарор медиҳанд.
Дар зери ин навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда ҳамагон рафтори ҷоҳилона ва дур аз фарҳангу маданияти толибонро маҳкум намудаанд.
Бештари фаъолон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷик аз он изҳори нигаронӣ намудаанд, ки набояд аз ин рафтори «Толибон» тарсид, балки аз тафаккури «толибонӣ» гирифтани ҷавонони имрӯза бояд пешгирӣ намуд.
Мусиқӣ мамнўъ, телефон чӣ?
Муносибати рӯҳониён бо аҳли илм, адибон ва ҳунармандон ҳеҷ гоҳ муносибати нек набуд. Тӯли таърих ҳар ҷомеае ба ду тақсим буд: якум, мардум бо роҳбарии рӯҳонӣ ва дуюм, фарҳангиён зери роҳбарии олимон, адибон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат.
Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов чунин мешуморад, ки мутаассифона, ақидаҳои хурофотӣ дар дасти сиёсатмадорон чун воситаи амалигардонии хостаҳояшон истифода мегарданд. «Таърих гувоҳ аст, ки рӯҳониёни иртиҷоӣ на як бору ду бор аз гумроҳӣ ва нодонии мардуми авом сахт суиистифода намудаанд. Бо дастгирии нокасони ноогоҳ беҳтарин намояндагони илму донишу ҳунарро ба нобудӣ маҳкум намудаанд. Таассуби динӣ нисбат ба илму фарҳангу ҳунармандон — ин ҳамон мухолифати меҳробу минбар аст, ки асрҳо боз давом дорад»,-изҳор дошт ӯ.
Дар навори сӯзонидани асбоби мусиқӣ дида мешавад, ки толибон алангаи оташи асбоби мусиқиро ба воситаи телефони ҳамроҳ ба навор мегирифтанд. З.Давлатов чунин мешуморад, ки агар ин асбоби мусиқӣ истеҳсоли Ғарб бошад, пас телефони мобилие, ки толиби дигар дар даст дошту ин манзараро ба навор мегирифт, магар истеҳсоли бегонагон нест? «Мантиқ куҷост?! Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде давр мезананд, ки толибон зери мусиқии гуногун мерақсанд. Ё ин аз рӯи мантиқи ба ман равою ба ту мамнӯъ бошад?»,-тазаккур дод мавсуф.
«Озодии шикастнопазир»- амалиёте, ки ҳаракати «Толибон»-ро шикаст дод, вале…
Ба гуфтаи номзади илмҳои таърих, ходими хурди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия Олга Митрофаненкова, бо вуҷуди он ки соли 2001 дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии «Озодии шикастнопазир» ҳаракати «Толибон» қариб пурра торумор шуда буд, вале моҳи августи соли 2021 онҳо тавонистанд дубора дар Афғонистон ба сари қудрат баргарданд.
«Албатта, дар бозгашташон сарчашмаҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла фурӯши маводи мухаддир нақши муҳим бозид ва ба онҳо на танҳо барои барқарор шудан, балки дубора ба даст овардани нуфуз ва назорати кишвар мусоидат карданд»,- изҳор доштааст О. Митрофаненкова.
Маҳз ба ин хотир аст, ки толибон беш аз ду сол аст дар ҷараёни мулоқоту музокирот ончиро мегӯянд, ки мехоҳанд аз онҳо бишнаванд. Онҳо ваъда медиҳанд, ки ба қочоқи маводи мухаддир муқовимат мекунанд, сарҳади давлатҳои Осиёи Марказиро вайрон намекунанд ва ғайра. Аммо ба гуфтаи коршиносон, 90% маводи мухаддир дар қаламрави таҳти назорати толибон парвариш карда мешуд. Дар гузориши ҳайати Шӯрои Амнияти СММ дар Афғонистон аз 12-15 январи соли 2018 гуфта мешавад, ки соли 2017 дар Афғонистон аз тиҷорати маводи мухаддир аз 400 то 500 миллион доллар ба даст оварда шудааст. Ҳоло тамоми қаламрави Афғонистон, аз ҷумла марзҳои берунии он таҳти назорати толибон қарор доранд, аммо қочоқи маводи мухаддир ҳамоно қатъ нашудааст.
Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон Қосимшо Искандаров дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» иброз дошта буд, ки дар Афғонистон бисёр созмонҳои дигари террористӣ ҳастанд, ки ният доранд барои кишварҳои ҳамсоя мушкил эҷод кунанд ва «Толибон»* садди роҳи онҳо нахоҳанд шуд, баръакс онҳоро дастгирӣ мекунанд. «Дар сафи «Толибон»* ба қадри кофӣ ҷангҷӯён ё ҷиҳодиёни мутаассиб мавҷуданд, ки ҷиҳодро барои мусалмон ҳатмӣ медонанд ва ҳеҷ кафолате нест, ки то даме, ки дар Афғонистон режими Аморати исломӣ бо идеологияи ҷиҳодӣ вуҷуд дорад, мамлакатҳо худро дар амн ҳис кунанд»,- мегўяд Қ. Искандаров.
Масъалаи дигар, ба гуфтаи ӯ,- ин таъсири идеологист. Искандаров бар ин бовар аст, ки дар Осиёи Марказӣ афроди зиёде ҳастанд, ки аз пирӯзии толибон шодӣ мекунанд. Мавҷудияти чунин режим ба исломгароён, ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ илҳом мебахшад.
Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон маҳкум менамояд
Дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошта шуд, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст. «Аз сӯйи ҳаракати «Толибон» иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи неруҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд»,-таъкид гардид дар ҳамин иҷлосия.
Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, таъсиси ҳама гуна ҳукумат бидуни ба эътибор гирифтани манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор дар ин кишвар гардад. Зеро тайи ҷанги таҳмилӣ ва нооромии беш аз чилсола, ки мардуми Афғонистон барои ба вуҷуд омадани чунин вазъият гуноҳ надоранд, Афғонистон ба майдони бозиҳои геосиёсӣ мубаддал гардид ва аз оқибатҳои он тамоми ҷаҳон аз тариқи ҳодисаҳои мудҳиши сентябри соли 2001 хуб огоҳ аст.
Дар ҳамовозӣ ба пешниҳоди Президенти Тоҷикистон дар робита ба ташкили ҳукумати фарогир СММ низ гуфт, ки аз «Толибон»* интизор дорад, ки ҳукумати нави Афғонистонро фарогир намоянд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ муовини сухангӯи Дабири кулли СММ Флоренсия Сото Нино дар посух ба дархости ТАСС дар мавриди шарҳи маълумот доир ба таъйинот ба мансабҳои ҳукуматӣ изҳорот дод. «Шӯрои Амният қаблан (дар изҳороте, ки 16 августи соли 2021 паҳн шудааст. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар»), баъдан Дабири кулли СММ (31 августи соли 2021 дар мулоқот бо намояндагони доимии кишварҳои «панҷгона»-и Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба Афғонистон.- Тавзеҳи АМИТ «Ховар») гуфтанд, ки интизори ҳукумати фарогир ҳастанд. Мо мунтазири онем, ки чӣ мешавад. Ҳукумат то ҳол таъсис наёфтааст, ҳарчанд мо медонем, ки ба зудӣ эълон дар назар аст»,-гуфт ӯ.
Ба гуфтаи муаллими калони факултети иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Мактаби шарқшиносии ДМТ МОИ ФР Андрей Зелтин, ҳатто дар сурати лағви тамоми таҳримҳои Ғарб ва боз кардани захираҳои тиллову асъори худ Кобул наметавонад аз ниятҳои усулиаш даст кашад. «Толибон то ҳол он ваъдаҳоеро, ки баъди ба қудрат расидан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дода буданд, иҷро накардаанд. Ва аз ҳама асосӣ- таъсиси ҳукумати фарогир, ки то ҳол таъсис дода нашудааст», — шарҳ дод ӯ.
Зелтин изҳор медорад, ки ин омил чун пештара як нуқтаи ташаннуҷ бо ҳамсояҳо дар симои Тоҷикистон ва Узбекистон боқӣ мемонад, зеро қисми зиёди аҳолии Афғонистонро тоҷикону узбекони бумӣ ташкил медиҳанд. Аммо коршинос бар ин назар аст, ки бо вуҷуди фишорҳои ҷаҳонӣ толибон ҳукумати фарогир намесозанд, ҳатто агар ин маънии лағви тамоми таҳримҳоро дошта бошад.
Вай инро ба зарурати таъсиси на танҳо ҳукумати аз ҷиҳати этникӣ гуногун, балки ҳукумати гендерие, ки Кобул ба он омода нест ва далели он манъи навбатии таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо мебошад, марбут медонад.
Баргашт ба қафо, ба асри сангин? Ва ё чӣ тавр толибон бо «қонунҳои нонавишта»-и худ ҷаҳонро дар ҳайрат мегузоранд
Толибон 15 августи соли 2021 дар Афғонистон қудратро ба даст оварда, дарҳол эълон карданд, ки барои занону духтарон дар мактабҳо ҷой нест. Ва ҳоло Афғонистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки мақомоти он тақрибан нисфи аҳолиро аз таҳсил ва гирифтани дониш маҳрум кардаанд. Баъди содир намудани фармон оид ба манъи таҳсил занонро аз кор дар созмонҳои ғайридавлатӣ, фаъолият дар марказҳои тиҷоратӣ ва додани шаҳодатномаи ронандагӣ ба онҳо манъ карданду барои занон пӯшидани ҳиҷобро ҳатмӣ намуданд.
Баъд аз содир намудани фармон оид ба манъи фаъолияти занон дар созмонҳои ғайридавлатӣ Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Фолкер Тюрк мақомоти кунунии Афғонистонро дубора даъват намуд, ки фавран ҳамаи фармонҳоеро, ки ба поймолкунии ҳуқуқҳои занон равона шудаанд, бекор кунанд. Ӯ ҳушдор дод, ки ин гуна тасмимҳо сабаби «силсилаи оқибатҳои ногувор» барои ҳаёти занон гардида, тамоми ҷомеаи Афғонистонро зери хатари нооромӣ қарор медиҳанд.
«Ман аз ҳукумати кунунии ин кишвар даъват менамоям, ки риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи занону духтаронро таъмин кунад — онҳо ҳуқуқ доранд, ки овозашон шунида шавад, [дар ҳаёти ҷомеа] иштирок кунанд ва тибқи уҳдадориҳои байналмилалии Афғонистон, дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат саҳм гузоранд»,-изҳор намуд ҳимоякунандаи асосии ҳуқуқи инсон дар СММ.
Ба иттилои ӯ, ягон кишвар наметавонад аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бидуни мавҷудияти як қисмати аҳолияш рушд ва зиндагӣ намояд ва маҳдудияти ғайричашмдошт нисбат ба занону духтарон на танҳо боиси ранҷу азобҳои бештар барои тамоми афғонҳо мешавад, балки дар берун аз Афғонистон низ метавонад ба оқибатҳои хатарнок табдил ёбад.
Зимнан, сиёсатшиноси тоҷик Рустам Ҳайдаров ба ин андеша аст, ки низоме, ки зан-модарро таҳқир мекунад, мубтало ба фаност. Ӯ иброз медорад, ки бинобар сабаби нотавонӣ дар мудирияти давлат ва ҳалли масоили рӯзмарраи иҷтимоӣ- иқтисодии ҷомеа, нагирифтани пеши роҳи таркишу амалҳои террористӣ, ҳукумати имрӯзаи Афғонистон бо роҳбарии ҳаракати террористии «Толибон»* алами худро аз бонувони афғон мегирад.
Дар тӯли қариб ду соли ҳукмронии худ дар Афғонистон, толибон даст ба содир кардани фармонҳое заданд, ки имрӯз бо шунидани он ангушти ҳайрат мегазӣ, аз ҷумла:
— манъи риштарошӣ ва ба сартарошхонаҳо рафтани мардон дар Афғонистон;
— манъ кардани бозии футбол дар вилояти Бодғиси Афғонистон;
— манъи додани шаҳодатномаи ронандагӣ ба занони афғон;
-манъи фаъолияти кошонаҳои ҳусн ва фаъолияти занон дар марказҳои тиҷоратӣ;
-манъи таҳсили занон ва духтарон ва ғайра.
Коршинос Зубайдулло Давлатов чунин меҳисобад, ки шаҳрвандони мо, бахусус, ҷавонон ин навор ва наворҳои дигареро, ки гувоҳи амалҳои золимонаи толибонанд, бо чашмони худ бояд бинанд, дар мизони ақлу хирад баркашанд ва ба қадри Ватани азиз — Тоҷикистон бирасанд ва онро ҳифз кунанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
______________________
* «Толибон» — ҳаракати террористие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз