Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо шуъбаи ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологӣ пас аз таъмиру азнавсозӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологӣ пас аз таъмиру азнавсозии пурра мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Шуъбаи мазкур аз 6 ҳуҷра иборат буда, дар он амалиёти ҷарроҳии бариатрия, аз ҷумла бӯриши остиншакли меъда ва шунткунонии меъда ба рӯдаи борик, бо усули лапароскопӣ анҷом дода мешаванд.
Бахши амалиётхонаи шуъба бо навтарин таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббӣмуҷаҳҳаз гардида, ба мутахассисони ватанӣ имкон медиҳад, ки амалиёти ҷарроҳии бариатрикиро дар сатҳи баланд ва бо истифода аз стандартҳои ҷаҳонӣ анҷом диҳанд.
Бояд гуфт, ки мутахассисони марказ дар се соли охир барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ ба як қатор кишварҳои хориҷ сафарбар гардида, таҷрибаҳои пешқадами байналмилалиро дар самти ҷарроҳии бариатрикӣ омӯхтаанд. Имрӯз дар Тоҷикистон усулҳои муосири ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологӣ бо муваффақият татбиқ мегарданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






