«Вавилон» ва «Динамо» ғолибони Мусобиқа оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи аввали Соли нав дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футзал, ки ба хотираи собиқ бозигари машҳури дастаҳои «Помир», «Вахш» ва «Ирригатор» Александр Кирсанов бахшида шуда буд, ба охир расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқаи 31-уми анъанавӣ ба хотираи Александр Кирсанов миёнаҳои моҳи декабр оғоз шуда, 1 январ ба анҷом расид.
Дар мусобиқа миёни ҳаваскорон футзалбозони «Рахш-Такси» дар силсилаи пеналти дастаи «Динамо»-ро бо ҳисоби 3:2 (вақти асосӣ – 2:2) шикаст дода, медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар финал дастаҳои «Соро компания-2» ва «Вавилон» вохӯрданд. Вохӯрӣ бо пирӯзии «Вавилон» – 5:4 анҷом ёфт.
Дар мусобиқа миёни собиқадорон «Испечак» бар «Лазиз» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, барандаи медали биринҷии мусобиқа гардид. Ва дар финал «Динамо» бар «Вавилон» бо ҳисоби 5:4 ғалаба кард
Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ба хотираи Александр Кирсанов ба ҷуз аз ҷом ва медалҳо ҷоизаҳои пулӣ супурда шуданд. Ба қаҳрамонҳо 5000 сомонӣ, барандагони медалҳои нуқра 3000 сомонӣ ва барандагони медалҳои биринҷӣ 2000 сомонӣ тақдим гардиданд.
Дар мусобиқаи ҳаваскорон Зулфиқор Раҳмонов («Соро компания-2») беҳтарин дарвозабон, Хуршед Маҳмудов («Вавилон») нишонзани беҳтарин ва Алишер Улмасов («Вавилон») беҳтарин бозигар дониста шуданд.
Дар мусобиқа миёни собиқадорон Шуҷоат Неъматов («Динамо») беҳтарин нишонзан ва Рустам Хоҷаев («Динамо») бозигари бехтарин эътироф шуданд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






