Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қабули аризаи шаҳрвандон дар бораи ҷиноятро ба таври электронӣ ба роҳ монд
ДУШАНБЕ, 04.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия дар марҳилаи аввал дар ҳудуди шаҳри Душанбе Барномаи қабули электронии аризаи шаҳрвандон дар бораи ҷиноят амалӣ карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Шаҳрвандони шаҳри Душанбе метавонанд аризаҳои худро ба мақомоти корҳои дохилӣ ирсол намуда, раванди баррасии онҳоро назорат намоянд.
Маълумоти иловагиро дар бораи истифодаи барномаи мазкур тариқи рақами содаи 1900 ё ariza.vkd.tj дастрас намудан мумкин аст.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти қабули электронии аризаи шаҳрвандон аз навгониҳои хизматии милитсия ба аҳолист, ки дар доираи «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» роҳандозӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст. Мақсади асосии ислоҳоти милитсияро ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имконияти аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода шавад.
Маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиёну равшанфикрон, аҳли ҷамоат, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, бахусус донишҷӯён метавонем бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, ки имрӯз моро ба ташвиш овардаанд, мубориза барем.
Акс: ВКД ҶТ








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






