14-17 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон фаромадани тарма дар назар аст
ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14-17 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук пешгўӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






