21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Бахшида ба ин сана дар Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии дар мавзўи «Забони модарӣ- сарчашмаи худшиносӣ ва маънавиёти миллӣ» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.
Дар конфронс гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ дар байни забонҳои зиндаи ҷаҳон яке аз бойтарин ва ғанитарин ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки донишмандон ва муҳаққиқони хориҷӣ адабиёти тоҷикиро яке аз бузургтарин адабиёти башарият номидаанд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷомеаи ориёӣ дар ҷаҳон аст. Таърихи ин забон ҳадди ақалл аз ҳазорсолаи пеш аз мелод сарчашма мегирад ва аввалин навиштаҷоте, ки бо забони тоҷикии бостон ба даст омадааст, ба асри VI пеш аз милод рост меояд».
«Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҳамасола 5 октябр ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад», — илова кард Раиси Кумита.
Ба андешаи ӯ, ҳадафи асосии ин рӯз — мусоидат намудан ба рушду нумӯи забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола мувофиқи қарори иҷлосияи 30-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО (аз 17 ноябри соли 1999) 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҳисобида мешавад.
Ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи оламиён ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо буда, ҳамзамон барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама ба наздикшавию ҳамкории мутақобилаи миллатҳои гуногун мусоидат менамояд.
Забони тоҷикӣ яке аз камтарин ва нодиртарин забонҳои ҷомеаи ҷаҳонист, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол дар ҳоли рушду инкишоф ва таҳаввулу тағйирот аст. Ин аст, ки масалан имрӯз, ҳазору сад сол пас аз вафоти Рӯдакӣ аксари мардуми тоҷикзабон метавонанд ашъори ӯро хонанд ва дарк кунанд.
Боигарии адабиёти дарии тоҷикӣ аз ҷиҳати миқдор ҳам хеле назаррас ва маълум аст, ба монанди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шаст ҳазор байт, шумораи умумии ашъори Аттор беш аз сад ҳазор байт, «Маснавии маънавӣ» ва лирикаи Ҷалолуддини Балхӣ беш аз шаст ҳазор байтро ташкил медиҳанд.
Бойигарии забон ва адабиёти тоҷикӣ аз ҷиҳати сифат низ хеле назаррас аст. Имрӯзҳо осори Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Балхӣ ва Ҳофиз шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва ба адабиёти бисёр давлатҳо таъсир расонидаанд.
Бисёре аз мафҳумҳо дар мероси гаронбаҳои забон ва адабиёти дарии тоҷикӣ имрӯз ҳамчун принсипҳо ва арзишҳои пазируфтаи инсонӣ ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла Ҷалолуддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, сулҳ, муҳаббат ва дӯстӣ даъват менамояд. Ва ё Саъдӣ дар асарҳои худ таваҷҷуҳи бештар ба ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ дорад ва новобаста аз мансубият ба қавму миллат, нажод ва ранг, инсонҳоро узвҳои як пайкар мешуморад. «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, ки онро «бузургтарин ҳамосаи маънавии башарият» унвон мекунанд, дар ҷаҳон маъруфу машҳур аст.
Ба андешаи муҳаққиқон, осори Умари Хайём пас аз асарҳои Александр Пушкин дар Русия серхонандатарин китоб ба шумор меравад.
Чунин андешаҳоро доир ба осори Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар шоирони адабиёти тоҷик низ овардан мумкин аст.
Мояи хушбахтист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дурусту оқилонаи забон ба роҳ монда шуда, ҳар шахси бедордилро вазифадор мекунад, ки пайи тозагии забон камари ҳиммат бандад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст






