23 ФЕВРАЛ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. То 23 феврал 57 бинову иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 23 феврал дар ҳудуди ҳамаи гарнизонҳои ҷумҳурӣ 57 бинову иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
23 феврали соли равон ба рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.
Тавре Фаридун Маҳмадализода иброз дошт, неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсис ва дар давоми 30 соли мавҷудият озмоишҳои ҷиддӣ, пайроҳаҳои пурпечу тоб ва монеаҳои сахту сангинро пушти сар намуда, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва дар партави таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои беназир ноил гардиданд.
«Мояи хушнудиву сарфарозист, ки дар давоми ин солҳо обрӯю эътибори Артиши миллӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, мардуми мамлакат хизматҳои шабонарўзии афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи меҳанро қадр карда, аз муҳофизони Ватани хеш ифтихор менамоянд ва ин албатта, амали воқеӣ аст. Чунки низомиёни мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ дар таҳким бахшидани сохти кониститутсионӣ дар мамлакат, ҳимояи ҳамаи дастоварду музаффарияти истиқлол, пойдории сулҳу субот, таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони Тоҷикистон ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд»,-афзуд ӯ.
Бояд гуфт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади арҷгузорӣ нисбат ба хизматҳои шоёни таҳсини афсарону сарбозон, хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун ва дар маҷмӯъ, муҳофизони ин марзу бум ҳамасола ба муносибати таҷлили Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар қаламрави мамлакат чорабиниҳои гуногуни сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шуда, дар сатҳи баланд баргузор карда мешаванд.
Ба иттилои Фаридун Маҳмадализода, имсол низ ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, навъи қӯшунҳо, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва ҳама сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ дар доираи таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ омодагии ҳамаҷониба дидаанд.
Аз ҷумла, ташкили конфронсҳои илмӣ-амалӣ, озмунҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, барои хизматҳои арзандаву бенуқсон дар сафи артиш бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ намудани хизматчиёнӣ ҳарбӣ, тақдими рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳоди барномаҳои консертӣ, намоиши аксу мусаввараҳои таърихӣ, мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, расонидани кумаки моддӣ ба ятимон дар сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, аёдати собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгирӣ намудани узви оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтида, арҷгузорӣ нисбат ба афсарону сарбозони ҳалокгашта ва даҳҳо чорабиниҳои дигар то рӯзи ҷашн ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа аз соли 2022 бо шиори «30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо омодабошии баланди ҷангӣ, интизоми намунавӣ ва бунёдкориву созандагӣ истиқбол мегирем!» фаъолият намуда, азм доранд, ки то рӯзи таҷлили ин санаи муҳиму таърихӣ барои татбиқи нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида корҳои зиёде ба анҷом расонанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






