30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Артиши миллӣ ба сифати сипари боэътимоди давлат муқаддастарин арзиши Тоҷикистон аст!

Февраль 14, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23 феврали соли 2023 ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол пур мешавад.

Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» маводеро дар бораи таърихи  таъсиси артиши миллӣ, нақши барҷастаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими иқтидору имкониятҳои Артиши миллӣ ва ҷонфидоии  афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва суботи мамлакат  омода намудааст, ки манзури хонандагон мегардад.

Дар ҳамаи давру замон аз артиш барои ҳимояи давлат ва Ватан истифода мебурданд

30 сол мешавад, ки Артиши миллӣ  дар сохтмону таҳкими минбаъдаи давлати миллӣ ва  истиқлоли давлатӣ нақши муҳим мебозад.  Инак ба таҷлили ин санаи ҷашнӣ рӯзҳои башумор мондаанд. Фаъолияту дастовардҳои Артиши мамлакатро дар тӯли 30 соли таъсисаш метавон натиҷаи пурсамари ҷоннисорони миллат баҳри ҳифзу дифои ҳар ваҷаб замину ҳар зарраи хоки диёр номид. Нақши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди   Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир аст.

Инсоният тӯли таърихи дароз 15 ҳазор ҷангро аз сар гузаронидааст, ки имрӯзҳо низ дар гӯшаҳои гуногуни олам муноқишаҳои ҳарбӣ рӯй медиҳанд. Ҷангҳо зиён ва талафоти зиёде оварда, оммаи зиёди одамонро аз кору заҳмати осоишта канор мезананд. Дар ин ҷангу муноқишаҳо ҳамеша Қувваҳои Мусаллаҳ ба сифати абзори ҷанг истифода шудаанд. Зеро воситаи асосии пешбурди ҷанг артиш аст. Дар ҳамаи давру замонҳо аз артиш барои ҳимояи давлат ва ватан истифода мебурданд.

Намояндагони машҳури фарҳанги аҷдоди мо доир ба артиш, сохтор, маҳорату малакаи ҳарбиён, таълиму тарбияи низомиён асарҳои арзишманде иншо намудаанд. Тафаккури низомии миллати тоҷик дар қаъри ҳазорсолаҳо реша дорад ва табиист, ки андешаҳои беҳтаринро дар бораи таърихи ташаккули артиши миллӣ дар бар мегирад.

Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов мегӯяд, ки озодихоҳӣ ва истиқлолталабии тоҷикон ҳеҷ гоҳ аз дилу тафаккури ин миллат дур нашуда, балки ҳамеша тӯли таърих ин миллат дар талоши ба даст овардани истиқлол ва барпо намудани давлати миллии худ буд.

«Барои ин миллат набард баҳри Истиқлолу Озодӣ дар майдонҳои ҳарбу зарби пуршиддати ҷангҳо ба муқобили истисморгарони аҷнабӣ ва дар майдонҳои фарҳангу маърифат ва илму дониш ҳамеша давом мекард ва имрӯз низ идома дорад. Миллати тоҷик тӯли асрҳо бо роҳу воситаҳои гуногун талош меварзид, мубориза мебурд, исёну қиём мекард, то соҳиби тақдиру давлати худ бошад»,-изҳор дошт ӯ.

Имрӯз, ки миллати тоҷик давлати соҳибистиқлол дошта, Қувваҳои Мусаллаҳи худро ташкил намудааст, омӯзиши мероси ҳарбӣ — назариявии гузаштагонамон аҳамияти хосса пайдо намуда,  вазифаи ҳар пажӯҳишгари соҳаи илми ҳарбист, то ин таҷрибаи низомӣ ва сабақи таърихи артиши миллиамонро дастраси омма ва онҳое гардонанд, ки ҳаёти худро ба ҳифзи Ватан бахшидаанд.

Аввалин паради ҳарбии Тоҷикистони соҳибистиқлол

Масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва мо ин ниҳоди муҳими давлатиро дар як муддати кӯтоҳ амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем. Зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ 23 феврали соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ».

Бо иқдоми Сарвари давлат ба муҳофизати сарҳад тамоми имконияти мавҷуда равон карда шуд. Ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, заминаҳои асосӣ барои таъсиси Артиши миллии тоҷик соли 1993 гузошта шуданд. 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон доир гардид. Аз ҳамин рӯз эътиборан ҳар сол 23 феврал ҳамчун санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Тавре Зубайдуллло Давлатов мегӯяд, имрӯз бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки Артиши миллӣ чун неруи муқтадири кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи мамлакат ташаккул ёфтааст. Ин артиш дар муборизаҳои шадид иштирок карда, таҷрибаи ҷангӣ андӯхта, обутоб ёфт.

«Тӯли солҳои 1993-2020 дар муддати кӯтоҳи таърихӣ Артиши қобили ҳифзи Ватан ва миллат ба камол расонида шуд. Аз оғози таъсис то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо тавонист садоқати худро ба Ватан ва миллат, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит созад»,-афзуд номбурда.

Мусаллам аст, ки бе кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ, машқдидаю соҳиби малакаи низомӣ ягон артиш муваффақ буда наметавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҳарбӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, сафҳои онро бо хатмкунандагони академияҳои гуногун, афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ, инчунин дастпарварони кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олӣ такмил дод.


Таҳлилгари тоҷик Зубайдулло Давлатов чунин мешуморад, ки бо захираҳои моддию техникӣ, озуқаворӣ, сару либос ва техникаю таҷҳизот таъмин намудани ҷузъу томҳо ҳалли худро ёфтааст.

«Зимнан, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни неруҳои ҳарбии ҳамаи давлатҳои ҳамсоя пуртаҷриба аст, чун як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо пушти сар гузошт, таҷрибаи ҷангӣ андӯхт ва имрӯзҳо онро такмил медиҳад. Ва алҳол ҷаҳони муосир пур аз тазодҳост. Муборизаҳо баҳри дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ шадидтар гардида истодаанд. Дар ин вазъият Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар масъалаи баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, ватандӯстию садоқат ба давлату миллат дар маркази диққати ҳама ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта бошад»,-иброз медорад ӯ.

Дар шароити густариши раванди ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии Ватан, таъмини амнияти мамлакат ва ваҳдати миллии он аҳамияти Қувваҳои Мусаллаҳ чандкарата афзоиш меёбад.

Сарҳад оғози хоки Ватану мазрааи нангу номуси миллат аст!

Дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ, масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар таърих ватандӯстӣ ба сифати падидаи иҷтимоӣ барои таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии шаҳрвандон ба кор бурда мешуд. Азбаски ҷаҳони мутамаддин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, дар мафкураи шаҳрвандон ҷой карда тавонистани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ барои амалӣ намудани барномаву стратегияҳои давлатӣ аз фоида холӣ нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) доир ба ватандӯстӣ сухан ронда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори  фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».

Зубайдулло Давлатов чунин андеша дорад, ки арзиши мафҳуми ватандӯстӣ барои тоҷикон эҳсоси ирсӣ, меросӣ, таҷрибавӣ ва ҳам таърихист. «Ватани дониш китоб аст, бахусус ватани арзишҳои ватандӯстию инсонпарварӣ. Ватандӯстӣ таҷрибаи зиндагии наслҳову миллатҳост, ки дар ёди таърихӣ, китобнавиштаҳо ва дар эҷодиёти шифоҳии халқ барои ояндагон ба мерос мегузарад. Ин мерос гаронбаҳост, зеро воситаи ҳифзи ватану истиқлоли он аст. Ин таҷрибаи зиндагӣ аз фард ба фарзандон аз фарзандон ба авлод, аз авлод ба наслҳо ва аз наслҳо ба миллат ба мерос мегузарад ва он яке аз арзишҳои миллист»,-изҳор дошт мавсуф.

Баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу буми мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 қабул гардид, ки он аз 5 боб ва 21 модда иборат аст. Қонуни мазкур ҳадаф, усулҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Ватандӯстӣ эътиқод аст ва касеро маҷбуран ватандӯст кардан имкон надорад, вале арзишҳои ватандӯстиро дар тафаккури шаҳрвандон ҷой намудан ва ин арзишҳоро ба эътиқоди онҳо табдил додан имконпазир аст. Ин раванди мушкил ва ҳамешагист. Яъне, ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул бояд шуд. Дар ин масири мушкилу абадӣ давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангии худро ба ин ҷода сафарбар намояд.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоятгару муҳофизи давлату миллат аст

Таҷлили ҳар ҷашну маросим, рӯзҳои таъсис ва санаҳое, ки дар онҳо рукнҳои давлатӣ ташкил ва ба фаъолият оғоз кардаанд, агар аз як тараф эҳтиром гузоштан ба сохти давлатдорӣ бошад, аз ҷониби дигар- ин арҷгузорӣ ба заҳмати шахсиятҳое мебошад, ки ба хотири ободию шукуфоӣ ва рушду нумӯи мамлакат тамоми шароиту имкониятро барои зиндагии шоиста, бақои давлатдорӣ ва ояндаи дурахшони сокинони ватанамон муҳайё кардаанд.

Ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар қатори дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди усулӣ ва муҳими давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол аст. Дар қатори дигар омилҳо маҳз тавассути ташкили ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ниҳодҳои қудратӣ ҳифзи тамомияти ҳудудии давлат, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.

Ба гуфтаи коршиноси тоҷик Зубайдулло Давлатов, табиист, ки шаҳрвандон афкори мухталифи сиёсӣ доранд, сатҳи зиндагию вазъи иҷтимоиашон гуногун аст, аммо сарфи назар аз ҳамаи фарқияту мухолифатҳо ҳамаи моро бояд масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану Ваҳдати миллат муттаҳид намояд. Барои ҳар шаҳрванди ватандӯст ҳеҷ чиз муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нест.

«Сисолагии  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб мешавад. Натиҷагирӣ ва бардошти сабақҳо аз ин роҳи тайшудаи Артиши миллӣ, омӯзиши бурду бохт ва дастовардҳои  раванди бунёди артиш марҳалаи муҳими таърихӣ буда, барои таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлат ва Ваҳдати миллат аҳамияти ҳалкунанда дорад»,-афзуд ӯ.

Ҷашни сиюмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ барои мо ҷашни одию муқаррарӣ нест, балки рӯзи ифтихору шукрона аз давлати миллию Артиши он, аз истиқлоли давлатӣ, рӯзи шукрона аз Ваҳдати миллӣ мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки Ваҳдати миллӣ пояи истиқлолро мустаҳкам менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Февраль 14, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?