30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Бахшида ба ин сана дар Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд оғоз гардид

Февраль 7, 2023 16:38

ДУШАНБЕ, 07.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ оғоз гардид, ки дар он 42 даста иштирок ва байни ҳам рақобат менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, дастаҳои ғолиб дар Рӯзи пойтахт бо Ҷом, диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои калони пулӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.

Мақсад аз баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа ба машғулияти мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии байниҳамдигарӣ мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 7, 2023 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад