Ҳаҷми умумии қарзҳои соли 2022 додаи Бонки миллии Тоҷикистон 14,4 миллиард сомониро ташкил дод

Февраль 21, 2023 09:22

ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми қарзҳои ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат додашуда иттилоъ медиҳад. Тибқи хабари манбаъ, ҳаҷми умумии қарзҳои соли гузашта додашуда 14,4 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 700 миллион сомонӣ зиёд аст.

Аз ҳаҷмии умумии қарзҳои додашуда 39,0 фоиз ба бахшҳои истеъмолот, 16,9 фоиз- соҳаи кишоварзӣ (мутаносибан беш аз 10-фоизӣ), 3,7 фоиз- сохтмон, 1,7 фоиз- нақлиёт ва 4,2 фоиз ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 36,6 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ марбут буда, 5,3 миллиард сомониро ташкил дод.

Ҳамзамон аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 61,0 фоиз ё 8,8 миллиард сомонӣ ба соҳибкорон дода шудааст.

Қарзҳои хурди додашуда 10,5 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 14,3 фоиз зиёд мебошад.

Фоизи миёнавазни қарзҳо дар соли сипаригардида бо пули миллӣ 23,3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,0 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 бо пули миллӣ 0,6 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,0 банди фоизӣ кам аст.

Бояд тазаккур дод, ки маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, тақвияти истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар мамлакат мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 21, 2023 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд