Ҳайати департаменти ҳуқуқии Хазинаи байналмилалии асъор аз Тоҷикистон боздид кард
ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафари расмии ҳайати департаменти ҳуқуқии Хазинаи байналмилалии асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 6 то 10 феврал идома дошт, анҷом ёфт. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додданд, ки ҳадафи сафари ҳайати департаменти ҳуқуқии Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон мукаммал намудани низоми қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом буд.
Дар доираи кумаки техникии Хазинаи байналмилалии асъор коршиносони байналмилалӣ якҷо бо мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом кор бурда истодаанд. Бо дастгирии коршиносон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» дар таҳрири нав таҳия гардида, моҳи январи соли равон аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат қабул гардид.
Интизор меравад, ки баъди мавриди амал қарор гирифтани ин қонун тағйиру иловаҳо дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ворид карда шаванд. Бо ин мақсад дар Бонки миллии Тоҷикистон коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори бонк ва мақомоти марбутаи мамлакат, аз қабили вазоратҳои адлия, молия, корҳои хориҷӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вохӯриҳо анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳои коршиносони байналмилалӣ бо намояндагони вазорату идораҳои мамлакат дар баробари такмили қонунгузорӣ масъалаи пурзӯр намудани назорати самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҷумҳурӣ, инчунин риояи талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҳамзамон бо ин дар доираи ин кумаки техникӣ баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавии мамлакат амалӣ шуда истодааст. Барои муайян намудани хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ин самт инчунин хавфҳои ошкоршуда дар ниҳодҳои зикршуда ва ё таҳдидҳои арзёбишудаи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм якҷо бо намояндагони мақомоти назоратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ карда шуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






