Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» ба зиёда аз 8 ҳазор нафар мутахассис ва корманди одӣ эҳтиёҷ дорад

Февраль 25, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 25.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун»,  дар айни замон ширкатҳои сохтмонии ин иншооти муҳим, аз ҷумла  ба зиёда аз 8 ҳазор нафар мутахассис эҳтиёҷ доранд. Ин матлаб 24 феврал дар ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» бо мутахассисон ва коргарон, ки  дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид шуд. Дар ин хусус дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки корҳо ҷиҳати сафарбаркунии корҷӯён ва мутахассисон ба бунёди «НБО Роғун», ки барои Тоҷикистон аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, ҷиҳати ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ нақши калидӣ хоҳад дошт, идома меёбанд.

Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои адлия, мудофиа, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, донишгоҳҳои техникии ба номи М. Осимӣ ва технологии Тоҷикистон, филиали Донишкадаи энергетикии Москва, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт иштирок намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар масъалаи ҷалби кормандон ба ҷамъияти мазкур  баён доштанд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» бо кадрҳои коргарӣ таъсис дода шудааст.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Февраль 25, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст