«Амонатбонк» соли сипаригардида ба муштариён беш аз 1,4 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соли гузашта аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба 46 ҳазор муштарӣ беш аз 1 миллиарду 482 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намудааст»,- иброз гардид дар нишасти матбуотии роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».
Гуфта шуд, ки ҳаҷми қарзҳои ба муштариён додаи «Амонатбонк» дар қиёс ба соли 2021 102,4 миллион сомонӣ афзудааст.
Қарзҳои додашудаи «Амонатбонк» ба соҳаҳои саноат 16,3 фоиз, кишоварзӣ- 15,5 фоиз, истеъмолӣ- 23,2 фоиз, сохтмон- 3,8 фоиз, тиҷорат- 31,9 фоиз, нақлиёт- 0,3 фоиз ва дигар хизматрасониҳо, ба мисли сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ- 0,9 фоиз рост меоянд.
Таъкид гардид, ки сандуқи қарзии «Амонатбонк» 1,7 миллиард сомонӣ ва теъдоди қарзгирон аз рӯи бақия беш аз 52 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар қиёс ба соли 2021 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 21,2 фоиз афзудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд






