Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.10.2026/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар конфронс 200 намоянда аз зиёда 20 давлати ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои пешрафтаи технологӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сармоягузорон ва коршиносони технологияҳои инноватсионӣ ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи технологӣ, аз ҷумла «OpenAI», «NVIDIA» ва «Revolut» иштирок доранд.
Дар конфронси байналмилалии AICONF-2026 муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода доир ба ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ сухан намуд.
Ҳоким Холиқзода аз ҷумла гуфт, ки 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод»-ро қабул намуд. Тибқи муқаррароти қатънома, оғоз аз соли 2027 ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад.
Қабули қатъномаи мазкур идомаи талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ ва истифодаи масъулиятноки технологияҳои нав мебошад. Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии пешниҳодҳои қаблии Тоҷикистон, аз ҷумла қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аст. Инчунин қабули «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» маҳз ҳадафҳои стратегии мамлакатро дар ин самт пешбинӣ мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон аввалин кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки чунин стратегияи фарогирро барои рушди технологияҳои интеллектуалӣ қабул кардааст.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба соҳаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Мувофиқи Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ, кишвар ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2040 саҳми ин соҳаро дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД)-и кишвар ба 5 фоиз расонад.
Ҳамзамон дар конфронси байналмилалӣ саъю кӯшишҳои Ҳукумат дар самти татбиқи қатъномаи СММ оид ба таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, ки соли 2025 қабул шуда буд мавриди аввалият қарор дода шуд. Инчунин аҳамияти ҷалби сармоя ва шарикӣ бо ширкатҳои ҷаҳонӣ ба мисли NVIDIA, ки аллакай аввалин хаби худро дар Тоҷикистон боз кардааст, инчунин OpenAI, SpaceXAI, Google ва Microsoft махсус таъкид гардид.
Баррасии дурнамои рушди зеҳни сунъӣ, имкониятҳои татбиқи он дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ аз ҳадафҳои асосии конфронси байналмилалӣ мебошад. Яке аз самтҳои муҳими ҳамоиш муаррифии иқтидор ва имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ аст, зеро истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, коҳиш додани хароҷоти истеҳсолӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.
Барои Тоҷикистон, ки ҳадафи саноатикунонии босуръати кишварро пайгирӣ мекунад, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, рақамикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва истифодаи роҳҳои инноватсионии идоракунӣ аҳамияти махсус дорад. Аз ин рӯ, ҳамкории мустақим бо ширкатҳои пешрафтаи технологӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин соҳа метавонад барои ташаккули иқтисодиёти рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар конфронс масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, соҳаҳои маориф, саноат, молия ва воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардиданд. Инчунин коршиносони байналмилалӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, технологияҳои муосир, хусусан лоиҳаҳои ватанӣ муаррифӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар конфронси байналмилалии AICONF-2026 ба имкониятҳои мавҷуда ва дурнамои Тоҷикистон дар самти рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар доираи конфронси байналмилалии AICONF-2026 имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.Конфронси байналмилалии AICONF-2026 барои табодули таҷриба, таҳкими робитаҳои касбӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Барои Тоҷикистон, ки ҳадафи саноатикунонии босуръати кишварро пайгирӣ мекунад, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, рақамикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва истифодаи роҳҳои инноватсионии идоракунӣ аҳамияти махсус дорад. Аз ин рӯ, ҳамкории мустақим бо ширкатҳои пешрафтаи технологӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин соҳа метавонад барои ташаккули иқтисодиёти рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам оварад.
Баргузории ин конфронс гувоҳи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Тоҷикистон ба рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар пешбурди иқтисоди миллӣ мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими конфронс муаррифии иқтидор ва имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ мебошад. Зеро истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, коҳиш додани хароҷоти истеҳсолӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.
Конфронси байналмилалии AICONF-2026 то 31 октябр идома ёфта, интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба густариши робитаҳои касбӣ, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ мусоидат намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






