Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Октябрь 30, 2026 13:25

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» ва дурнамои  нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029 қабул гардид. Тибқи он,  даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 дар ҳаҷми 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин хусус 29 октябр дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии соли 2027 нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 23,2 фоиз зиёд мебошад. Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Даромади буҷети давлатӣ мутобиқи дурнамо дар соли 2028 90,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2029 104, 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 30, 2026 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд