Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд

Октябрь 29, 2026 16:31

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир ба лоиҳаҳои «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» ба маблағи 9,6 миллион ва «Барқарорсозии роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор» ба маблағи 52,85 миллион евро, дар маҷмуъ 62,45 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномҳо 27 октябр дар Вазорати молия зимни мулоқоти Вазири молия  Файзиддин Қаҳҳорзода  ва ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне ба имзо расонида шуданд.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор» ин таҷдиди роҳ бо дарозии 54,1 километр, сохтмони 10 пул ва насби 121 қубури обгузар, инчунин таъмини устуворӣ ва бехатарии робитаҳои нақлиётӣ дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ мебошад.

Мақсади асосии лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» ин сохтмону барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб мебошад.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 29, 2026 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст