Аз номи Пешвои миллат ба наҷотдиҳандагони Тоҷикистон барои кори пурсамар дар Туркия мукофотҳо супорида шуданд

Февраль 27, 2023 18:03

ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наҷотдиҳандагони тоҷик баъди бозгашт аз Туркия мукофотҳо тақдим карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.

Аз номи Сарвари давлат ба наҷотдиҳандагон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мукофоту рутбаҳои ҳарбӣ, ҳамчунин сипосномаҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва медалҳои соҳавӣ тақдим намуд.

Тазаккур дода шуд, ки наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия вазифаи наҷоти ҷони одамон ва расонидани ёрии саривақтӣ ба аҳолии осебдидаро пурра иҷро намуданд ва аз уҳдаи ин кор ба хубӣ баромаданд.

Дар ин рӯз Сарвазири мамлакат ҳамзамон бо фаъолияти Маркази таълимии кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва  синфхонаву ҳуҷраҳои кории он шинос шуд.


Ёдовар мешавем, ки наҷотдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 22 феврали соли 2023 дар Ҷумҳурии Туркия қарор доштанд ва дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти осебдидагони зилзила иштирок намуданд.

Дар ин муддат ба онҳо муяссар гардид, ки баъди 5 рӯзи заминларза аз зери харобаҳо як мардро бо тифли шашмоҳааш зинда берун оранд. Ҳамчунин баъди 144 соати заминларза онҳо кӯдаки 3-соларо аз зери харобаҳо зинда наҷот доданд.

Дар ин муддат аз зери харобаҳои зилзила ҷасади 217 нафарро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2023 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон