БАРОИ ДИФОИ САРЗАМИНИ АҶДОДӢ ЯК ҶОН НЕ, САД ҶОН АГАР МЕДОШТАМ, ОНРО НИСОР МЕКАРДАМ!

Февраль 23, 2023 15:19

ДУШАНБЕ, 23.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат таҷлил мегардад. Месазад, ки дар ин рӯз аз қаҳрамонии сарбозон, хизматчиёни ҳарбие, ки моҳи сентябри соли 2022 дар ҳимояи марзи давлатӣ ҷонфидоӣ намудаанд, ёдовар шавем.

Инҳо Шуҳрат Наҷмиддинзода, Сафаралӣ Ҳасан, Нусратуллои Фатҳулло, Олимназар Холиқназаров, Хирадманд Усмонзода, Ғолиб Абдунабиев, Салоҳиддин Муъминов ва дигарон буданд, ки бо ҷонфидоии худ марзи Ватанро ҳимоя карда, барои зиндагии осоиштаи мардум ва сулҳу оромӣ ҷонбозиҳо кардаанд ва то абад ҳамчун қаҳрамон дар таърих боқӣ хоҳанд монд.

Яке аз он родмардони далер Шўҳрат Наҷмиддинзода буд, ки пеш аз амалиёти ҳарбии он вақт дар назди ҳамхизматонаш бо ҳисси ватандӯстӣ чунин гуфта буд: «Ман барои ин сарзамин, ин Ватан –Модар, барои оромиву осудагии хоҳаронам, бародаронам, ҳамсоягонам ва ҳаммиллатонам як ҷон не, сад ҷон агар медоштам, онро нисор мекардам».

Ин фарзанди банангу номуси миллат ҳатто пеш аз оғози амалиёти ҳарбӣ ба ҳамхизматонаш васият карда будааст, ки агар ман ҳалок гардидам, бо Парчами давлатӣ манаҳамро баста, ҳангоми дафн рӯи тобутам Парчами миллиро гузоред, то ки аз дунё беармон равам.

Модари ӯ — Момагул Мирзоева бо ҳисси баланди миллӣ васияти писари қаҳрамонашро иҷро намуд.

«Ман бо ифтихор васияти писарамро ба ҷо овардам. Аз ҳукумати ноҳия хостам бароям иҷозат диҳанд, ки Парчами давлатиро ба рӯи тобути писари қаҳрамонам гузорам. Бачаи ман бо ҳисси ватандӯстию ифтихор, бо ҷасорату мардонагӣ марзи меҳанро ҳифз мекард, ҳамеша Парчами давлатиро дар ҷайби худ нигоҳ медошт, ки бароям ёдоварӣ кардан аз ин гуна сифатҳои ҷавонмардии писари қахрамонам мояи ифтихору шарафмандӣ аст. Зеро медонам, ки барои дифои марзу буми кишвар, иҷрои рисолати хеш, барои осудагии диёр чунин ҷоннисорӣ намудааст»,-мегӯяд модари қаҳрамони содиқи Ватан.

Момагул Мирзоева гуфт, ки худаш фарзандонашро баъди хатми донишгоҳ барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ карда буд.

«Вақте ки ду писарам бо дипломи олӣ ба хона баргаштанд, ба онҳо гуфтам, ки акнун бояд қарзи шаҳрвандии худро адо намоянд. Ҳамроҳи онҳо бо сари баланд ба ҳукумати ноҳия рафта, ба хизмати ҳарбӣ гуселашон намудам. Ҳарчанд, аллакай ду писари калонам корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буданд, ман хостам, ки дуи дигар низ дар хизмати Ватан бошанд»,-нақл мекунад ӯ.

Момагул Мирзоева афзуд, ки вақте писаронаш хурд буданд, шоҳиди ҳодисаҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд, медид, ки мардум чи қадар ранҷу азоб мекашиданд, ба ин хотир ҳам фарзандонро барои дифои Ватан, баҳри таъмини зиндагии орому осуда ва сулҳу амонӣ гусел намуд.

«Вақте ки ҷавон хизмати Ватан кард, баъд мардбача мешавад. Аз ин рӯ тамоми ҷавонони мамлакат бояд, дар зери Парчами давлатӣ сарҷамъ гашта, зери сояи он садоқатмандона ба Ватан хизмат намоянд. Зеро тавре Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад»,- таъкид кард Момагул Мирзоева.

Ёдовар мешавем, ки Шўҳрат Наҷмиддинзода зодаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон буда, соли 1989 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Оиладор, сохиби 1 фарзанд мебошад.

Номбурда собиқ корманди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, давоми солҳои зиёд дар ин мақомот фаъолият кардааст. Санаи 16 сентябри соли равон ҷавонмарди далер ва асилу ватандӯст ҳангоми адои хизмати Ватан-Модар ҳалок гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷовидон гардонидани хотираи шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалокшуда пайваста тамоми чораҳоро амалӣ менамояд.

Далели ин гуфтаҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» мебошад, ки он моҳи декабри соли гузашта қабул гардид.

Ҳадафи асосии қонуни мазкур бо адои эҳтироми ҳарбӣ дафн кардани хизматчиёни ҳарбӣ, гузоштани санги қабр, сутуни ёдбуд, муҷассама дар оромгоҳҳо, ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ гузоштани номи ҳалокшудагон, пешбурди корҳои ҷус­туҷӯӣ ва баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳои оммавӣ баҳри ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ва бардоштани рӯҳияи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мебошад.

Мақсади дигари қонуни мазкур тартиби расонидани ёрии ҳаматарафаи иҷтимоӣ ба оила ва фарзандони шахсони дар роҳи ҳимояи Ватан синасипаркарда ва ҷонфидою ҳалокшуда мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 23, 2023 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд