«БАРОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали сеюми дӯстии афсарону сарбозон ҷамъбаст гардид

Февраль 22, 2023 16:20

ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали сеюми дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам!», ки аз 17 то 22 феврал дар тамоми қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди пойтахт доир гардид, ҷамъбаст карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Фестивали мазкур дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани фестивали мазкур самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиш, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани рӯҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шинос шудан бо шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, хосатан пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии онҳо мебошад.

Фестивал аз чор қисми асосӣ иборат буда, қисмати аввали онро маросими ифтитоҳӣ, қисмати дуюму сеюми онро бахшҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук дар ду марҳила, марҳилаи интихобии 1-ум дар заминаи қисмҳои ҳарбию низомӣ ва марҳилаи интихобии 2-юм дар сатҳи шаҳр ташкил доданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ, ки аз намудҳои шоҳмот, гӯштини миллӣ, варзиши сабук, футбол, волейбол ва шашка миёни афсарону сарбозон баргузор карда шуданд, дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом, медал, Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом баҳри болидарӯҳии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ гулчини сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» манзур гардонида шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Февраль 22, 2023 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд