Беҳтаринҳои соли 2022 дар дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи тантанавӣ ҷиҳати қадрдонии беҳтаринҳои соли 2022 дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, сохторҳои ҳифзу ҳуқуқу тартибот, фарҳангу тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои оливу касбии таълимӣ ва гирандагони стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки маҳз дар заминаи ҳидоятҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу иқдомҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои муҳими стратегии мамлакат ва пойтахти он табдил ёфта, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба қишри ҷавони ҷомеа дар марҳилаи бунёди давлати навини тоҷикон ҳамчун созандагони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳ ва боварӣ карда мешавад.
Ин эътимоду боварӣ ва самимияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз самари дилхоҳ ба бор оварда, ҷавононро барои расидан ба қуллаи муроду мақсадҳои дар замирашон буда роҳнамоӣ месозад.
Дар идома барои ҳамкориву дастгириҳои судманд якчанд ташкилоту муассисаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ, инчунин роҳбарияти муассисаҳои оливу касбии таълимӣ барои амали намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва рушду инкишофи соҳаи варзиш бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Илова ба ин, барои фаъолияти пурсамар бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон ғолибони озмунҳо барои фаъолияти пурсамари эҷодӣ дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рўзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ” бо диплом ва сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин беҳтарин кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе мутахассисони пешбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳмадулло Кароматулло ва Юсуф Ғаффорзода дониста шуданд.
Дар озмуни Муассисаи беҳтарин дар соли 2022 Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ”-и шаҳри Душанбе беҳтарин эътироф гардид.
Ғолибони дигар:
Мураббии беҳтарин дар соли 2022- Фаррухрӯз Собиров
Варзишгари беҳтарин дар соли 2022- Эмомалии Нуралӣ
Клуби беҳтарин дар соли 2022- Клуби варзишии “Парвиз Собиров”
Федератсияи беҳтарин дар соли 2022- Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
Наворбардори беҳтарин дар соли 2022- Темур Назаров
Рӯзноманигори беҳтарин дар соли 2022- Фаррухҷон Нозимзода
Шореҳи беҳтарин- Каримхон Бегматов
Футболбози беҳтарин дар соли 2022 Шерзод Раҷабов
Беҳтарин мураббии футбол дар соли 2022- Алишер Тағоев
Беҳтарин довар оид ба футбол дар соли 2022- Қурбонмурод Шарифов
Беҳтарин васоити ахбори омма дар самти варзиш дар соли 2022- “ТВ Варзиш”
Беҳтарин васоити ахбори омма дар самти варзиш дар соли 2022- “ТВ Душанбе» дониста шуданд.
Ҳамоиш бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ ба анҷом расид.
АКС: шуъбаи иттилотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад






