БЕНАЗОРАТИИ ВОЛИДАЙН. Соли гузашта дар Тоҷикистон 365 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дастгир карда шуданд

Февраль 16, 2023 13:13

ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар Тоҷикистон  соли гузашта 365 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ муайян ва дастгир карда шуданд. Дар ин хусус 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Гуфта шуд, ки сабаби асосии ба сафи ташкилоти террористию экстремистӣ пайвастани  бештари ҷавонон ба беназоратии волидайн ва истифодаи шабакаҳои ифротӣ дар интернет  рабт дорад.

Тазаккур дода шуд, ки солҳои пеш адабиёти дорои хусусияти  таблиғу ташвиқи ташкилоти террористӣ-эктремистӣ зиёд мусодира мегардид. Ҳоло теъдоди он кам гардидааст, аммо таблиғоту ташвиқот дар айни замон тариқи шабакаи интернет ба роҳ монда шудааст.

Илова карда шуд, ки бисёре аз аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дар хориҷи мамлакат дастгир гардида, ба Ватан баргардонда шуданд.

Дар нишаст ҳамзамон гуфта шуд, ки соли гузашта 24 ҳолати маблағгузории терроризм ба қайд гирифта шуд. Дар баробари ин 31 амали террористӣ пешгирӣ гардид.

Тибқи иттилоъ, аз соли 2015 то имрӯз 1030 нафар дар пайи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба Ватан баргардонида шуданд, ки бо онҳо пайваста чораҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд. Дар баробари ин дар пайи корҳои фаҳмондадиҳӣ 247 аъзои ташкилоти террористӣ ва иштирокчиёни ҷангҳои хориҷӣ ба таври ихтиёрӣ ба Ватан баргаштанд.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ходимони дин даъват намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт таҳким бахшанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар

Февраль 16, 2023 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид