Дар Австралия технологияе таҳия шудааст, ки шакарро дар шарбатҳо 66% паст мекунад
ДУШАНБЕ, 26.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии илмии Австралия технологияи наве таҳия кардааст, ки метавонад сатҳи шакарро дар шарбати мевагӣ аз се ду ҳисса (66%) коҳиш диҳад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора корпоратсияи телевизионии Австралия (ABC) хабар додааст.
Технологияи нав ба ферментоние асос ёфтааст, ки шакари табиии шарбати меваҳоро ба карбогидратҳои мураккаб табдил дода, ҳамзамон бо ин сатҳи нигоҳдории шакарро коҳиш медиҳад.
«Дар шарбат иловаҳо, ширинкунандаҳо вуҷуд надоранд, ки ин имкон медиҳад арзиши ғизонокии он бе миқдори зиёди шакар нигоҳ дошта шавад»,- гуфт узви гурӯҳи тадқиқотӣ Ҷемма Хоуэллс. Вай афзуд, ки маҳсулоти ниҳоӣ дорои ғизонокии камтар ва антиоксидантҳои бештар бе мавҷудияти шакари камтар мебошад.
Тадқиқотчиёни Ассотсиатсияи давлатии тадқиқоти илмӣ-амалӣ умед доранд, ки технологияи нав ба беҳтар шудани сифати умумии шарбатҳо мусоидат менамояд.
Чунин ҳисобида мешавад, ки як зарфи шарбати мевагии стандартии 0,5-литра метавонад то 10 қошуқи чойхӯрӣ шакари табиӣ дошта бошад, ки аз меъёри тавсияшудаи ҳаррӯза барои калонсолон хеле зиёд аст.
Қаблан Ассотсиатсияи тиббии Австралия аз ҳукумат даъват карда буд, ки барои нӯшокиҳои ширин андози нав ҷорӣ кунад ва тасдиқ намуд, ки ин метавонад ба паст шудани нишондиҳандаҳои фарбеҳӣ, саратон, бемориҳои қалб, инсулт ва диабети навъи 2 мусоидат кунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






