Дар Австралия технологияе таҳия шудааст, ки шакарро дар шарбатҳо 66% паст мекунад

Февраль 26, 2023 09:59

ДУШАНБЕ, 26.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии илмии Австралия технологияи наве таҳия кардааст, ки метавонад сатҳи шакарро дар шарбати мевагӣ аз се ду ҳисса (66%) коҳиш диҳад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора корпоратсияи телевизионии Австралия (ABC) хабар додааст.

Технологияи нав ба ферментоние асос ёфтааст, ки шакари табиии шарбати меваҳоро ба карбогидратҳои мураккаб табдил дода, ҳамзамон бо ин сатҳи нигоҳдории шакарро коҳиш медиҳад.

«Дар шарбат иловаҳо, ширинкунандаҳо вуҷуд надоранд, ки ин имкон медиҳад арзиши ғизонокии он бе миқдори зиёди шакар нигоҳ дошта шавад»,- гуфт узви гурӯҳи тадқиқотӣ Ҷемма Хоуэллс. Вай афзуд, ки маҳсулоти ниҳоӣ дорои ғизонокии камтар ва антиоксидантҳои бештар бе мавҷудияти шакари камтар  мебошад.

Тадқиқотчиёни Ассотсиатсияи давлатии тадқиқоти илмӣ-амалӣ умед доранд, ки технологияи нав ба беҳтар шудани сифати умумии шарбатҳо мусоидат менамояд.

Чунин ҳисобида мешавад, ки як зарфи шарбати мевагии стандартии 0,5-литра метавонад то 10 қошуқи чойхӯрӣ шакари табиӣ дошта бошад, ки аз меъёри тавсияшудаи ҳаррӯза барои калонсолон хеле зиёд аст.

Қаблан Ассотсиатсияи тиббии Австралия аз ҳукумат даъват карда буд, ки барои нӯшокиҳои ширин андози нав ҷорӣ кунад ва тасдиқ намуд, ки ин метавонад ба паст шудани нишондиҳандаҳои фарбеҳӣ, саратон, бемориҳои қалб, инсулт ва диабети навъи 2 мусоидат кунад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 26, 2023 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид