Дар ноҳияи Қубодиён барои хизматчиёни давлатӣ бинои 45-ҳуҷрадор бунёд мегардад

Февраль 3, 2023 15:30

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар  Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни  ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон  барои хизматчиёни давлатӣ бинои 45-ҳуҷрадор сохта мешавад. Бинои мазкур яке аз иншоотҳои ҷашнӣ  бахшида ба  35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  маҳсуб мешавад.  Дар айни  замон  пўшонидани  боми бино ва  корҳои пардозгарии он идома доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Фармоишгари бино «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он дар майдони 0,60 га замин бунёд гардидааст.

Бинои мазкур   аз ҷониби  пудратчии асосӣ ҶДММ «Парвиз-92» сохта шуда, бунёди он соли 2019 бо маблағи сметавии 185 00 000 сомонӣ оғоз гардидааст. Дар айни замон дар сохтмон  қариб ба маблағи 9 000 000 сомонӣ корҳо аз худ карда шудаааст.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ бо  рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ ба ноҳияи Қубодиён сафари корӣ намуд.

Номбурда бо корҳои сохтмонии  бинои истиқоматии 45-ҳуҷрагӣ  аз наздик шинос шуда,   барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои бунёдӣ  супориш дод.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 3, 2023 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад