Дар сурати то 1,8 дараҷа ва болотар аз он гарм шудани иқлим суръати обшавии пиряхҳо 30 маротиба меафзояд

Февраль 15, 2023 16:13

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи байналмилалии иқлимшиносон ба хулосае омад, ки суръати обшавии пиряхҳо ва болоравии сатҳи ҷаҳонии баҳр пас аз 1,8 дараҷа гарм шудани иқлим ва бештар аз он дар натиҷаи он ки обшавии яхбандиҳои Гренландия ва Антарктидаи Ғарбӣ ба вуҷуд меояд, ногузир хоҳад буд. Тавре АМИТ «Ховар” бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора 14 феврал хадамоти матбуоти Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти бунёдии Кореяи Ҷанубӣ (IBS) иттилоъ додааст.

«Агар инсоният гармиро дар ҳудуди 1,8 дараҷа нигоҳ дошта натавонад, пас майдонҳои яхҳои Гренландия ва Антарктидаи Ғарбӣ шикаста мешаванд ва зуд ба об шудан оғоз мекунанд. Агар мо ҳеҷ кор накунем, танҳо ин равандҳо боиси ҳадди ақалл як метр боло рафтани сатҳи баҳр дар 130 соли оянда мегарданд”,-гуфт профессори IBS Аксел Тиммерманн, ки суханони ӯро хадамоти матбуоти пажуҳишгоҳ иқтибос овардааст.

Профессор Тиммерманн ва ҳамкорони ӯ дарёфтанд, ки дар даҳсолаҳои оянда болоравии сатҳи баҳр ба таври назаррас суръат хоҳад гирифт, агар инсоният гармшавии глобалиро дар ҳудуди 1,8 дараҷа нигоҳ дошта натавонад. Иқлимшиносон бо истифода аз модели мукаммали компютерие, ки аз яхбандии Гренландия ва Антарктидаи Ғарбӣ сохтаанд, ба ин хулоса омаданд.

Тавре муҳаққиқон тавзеҳ медиҳанд, ин модел ба обшавии пиряхҳо, тағйироти гуногуни сохтори онҳо, аз ҷумла пайдоиши тарқишҳо, пораҳо, айсбергҳо, ҷамъшавии об дар рӯи яхҳо ва дигар равандҳое, ки эҳтимол сабаби суръат бахшидан ба обшавии пиряхҳо мешаванд, таъсир мерасонад ва метавонад боиси ҳаракати массаи ях ба сӯи баҳр ва кам шудани ҳаҷми умумии он гардад.

Ҳисобҳои анҷомдодаи олимон нишон доданд, ки то 1,8 дараҷа гарм шудани иқлим метавонад дар 150 соли наздик яхшавии пиряхҳоро тезонад. Ин вобаста ба он аст, ки афзоиши минбаъдаи ҳарорат боиси ноором шудан ва тақсим шудани пиряхҳои Гренландия ва Антарктидаи Ғарбӣ мегардад, ки дар натиҷа раванди обшавии онҳо тақрибан 30 маротиба тезтар мешавад ва ин равандро боздоштан имкон надорад.

Дар натиҷа тибқи ҳисобҳои профессор Тиммерманн ва ҳамкасбони ӯ, то соли 2150 танҳо аз ҳисоби обшавии ин ду яхбандии фурӯпошанда ва дар омезиши номусоиди вазъият сатҳи баҳр тақрибан як метр баланд мешавад ва дар баъзе мавридҳо сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ беш аз 140 см баланд мешавад. Ин боиси мушкилоти зиёд барои инфрасохтори шаҳру давлатҳои соҳилӣ мегардад, хулоса карданд олимон.

Гарм шудани кураи Замин

Қариб ҳамаи иқлимшиносон шубҳа надоранд, ки гармшавии глобалӣ вуҷуд дорад ва он симои сайёраро ба куллӣ тағйир медиҳад, агар афзоиши ҳарорат дар ҳудуди 1,5 дараҷа нигоҳ дошта нашавад. Ба ин на танҳо садҳо модели компютерии иқлими сайёра, балки ҳазорҳо ченкуниҳое, ки бо ёрии радифҳои маснуии гуногуни иқлим, стансияҳои метеорологии заминӣ ва обӣ ба даст оварда шудаанд, шаҳодат медиҳанд.

Ин раванд, чунон ки олимон тахмин мезананд, боиси ба таври назаррас боло рафтани сатҳи баҳри ҷаҳонӣ аз ҳисоби обшавии пиряхҳои Гренландия ва Арктика ва инчунин осебпазиртарин майдонҳои яхбандии Антарктидаи Ғарбӣ мегардад. Ба гуфтаи коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, агар афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ бо суръати феълӣ идома ёбад, то охири асри ҷорӣ сатҳи баҳр тақрибан 30-50 см боло хоҳад рафт.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ин мушкилотро, аз ҷумла моҳи марти соли 2021 зимни суханронӣ дар ҷаласаи маҷозии Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба Ҳадафи шашуми рушди устувор изҳор дошта буданд.

“Имрӯз мо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия обшавии босуръати пиряхҳоро мушоҳида мекунем. Дар пиряхҳои заминӣ низ тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд», — изҳор дошта буданд Сарвари давлат ва гармшавии глобалиро сабаби тағйирёбии иқлим номиданд.

Раҳбари Тоҷикистон аз кӯҳҳои Помир мисол оварданд, ки суръати обшавии қуллаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

«Обшавии калонтарин пиряхи наздисоҳилӣ — пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки дарозиаш беш аз 75 километрро ташкил медиҳад, намунаи барҷастаи ин аст», — таъкид карданд Президенти Тоҷикистон.

Тадқиқот нишон медиҳанд, ки танҳо давоми 70—80 соли охир пиряхи Федченко бештар аз як километр кам шуда, масоҳати он то 44 километри мураббаъ кам гаштааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд. «Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар таҳдид мекунад», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон. Дар робита ба ин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал оварданд, ки Фонди байналмилалии наҷоти пиряхҳо таъсис дода, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва санаи баргузории Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар карда шавад.

Қобили зикр аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ризоияти якдилона Қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистонро дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул кард. Тибқи ин қатънома, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масоили ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуда, соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди СММ дар ин мавзӯъ баргузор мешавад.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2023 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид