Дар Тоҷикистон амалиёти «Пиёдагард» идома дорад

Февраль 15, 2023 08:21

ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 10 то 20 феврал амалиёти «Пиёдагард» гузаронида мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ҳасанзода хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин давра аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани амалиёти мазкур фаъол бошанд. Инчунин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Мақсад аз роҳандозӣ намудани амалиёти «Пиёдагард»- коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо садамаҳои нақлиётӣ дар саросари ҷумҳурӣ маҳз бо иштироки пиёдагардон ба амал меоянд, ки ин боиси нигаронист.

Агар ба омор назар афканем, мебинем, ки танҳо давоми ду шабонарӯзи амалиёти «Пиёдагард» дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 327 қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст, ки 58-тои онро пиёдагардон содир намуда, нисбат ба онҳо тадбирҳои маъмурӣ андеша шуданд.

Ба гуфти Саймумин Ҳасанзода, то 9 январ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 38 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки 26- тои он бо иштироки пиёдагардон ба амал омадаст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 10 нафар пиёдагардон ба ҳалокат расида, 16 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2023 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд