Дар Туркия бар асари заминларзаҳо 1,5 миллион нафар бе сарпаноҳ мондаанд

Февраль 22, 2023 11:12

ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи заминларзаҳое, ки чанде қабл дар Туркия ба амал омаданд, 1,5 миллион нафар бе сарпаноҳ гардида, тақрибан 500 ҳазор адад манзил дар мамлакат ба барқароршавӣ ниёз доранд. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин хусус намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Туркия Луиза Винтон зимни нишасти матбуотии онлайнӣ изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Туркия тақрибан 70% биноҳои аз заминларза осебдидаро тафтиш кардааст. 412 ҳазор адад манзилҳои истиқоматӣ хароб шудаанд ва ё пурра аз байн бурда мешаванд.

«Рӯзи якшанбе ҳукумат корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷтодиҳиро ба анҷом расонд, охирин нафари зиндамонда қариб пас аз 300 соати заминларза аз зери харобазор бароварда шуд», — баён дошт Луиза Винтон.

Корманди калони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) оид ба ҳолатҳои фавқулода Кэтрин Смоллвуд рӯзи сешанбе зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бинобар зич ҷамъ шудани одамон дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ, баъзан бо дастрасии маҳдуд ба ҳоҷатхона ва оби тоза, дар айни замон масъалаи назорат кардани хатари пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз ҳама муҳим ҳисобида мешавад.

«Хатари баланди паҳншавии бемориҳои роҳи нафас, вабо, гепатити А ва сурхакон вуҷуд дорад», — ишора кард ӯ.

Ҳафтаҳои охир дар вилояти ҷанубии Каҳрамонмараши Туркия якчанд заминларзаҳои бузург бо шиддати аз 6,4 то 7,7 балл рух доданд.

Заминларзаҳо инчунин ба баъзе қисматҳои Сурия низ таъсир расонданд. Дар маҷмӯъ, мувофиқи гузоришҳои ВАО, дар ду кишвар тақрибан 47 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКC: «Синхуа»

Февраль 22, 2023 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд