Дар Зеландияи Нав бар асари тӯфони тропикӣ 23 нафар бедарак шуд

Февраль 24, 2023 15:16

ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Зеландияи Нав натавонист мавқеи ҷойгиршавии 23 нафарро, ки бар асари раъду барқ ​​ва обхезии дар натиҷаи тӯфони тропикии Габриел рухдода бедарак шуд, муайян кунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 24 феврал полис хабар додааст.

«Шабонарӯзи гузашта полис 443 тадбири пешгирикунанда гузаронид. Дар ин муддат мо 526 занг, аз ҷумла 15 огоҳӣ оид ба ҳодисаи дуздӣ ва 2 хабар доир ба рабудани  мошинҳоро қабул кардем. 13 нафар барои қоидавайронкуниҳои гуногун боздошт карда шуд»,  —  хабар доданд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Тӯфони тропикии «Габриэл»,  ки дар Ҷазираи шимолии Зеландияи Нав ба амал омад, боиси обхезию ярч дар ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва  марказии он гардид. 11 нафар ҳалок шуда, 23 нафари дигар бе дарак маҳсуб мешаванд.  Зиёда аз 10 ҳазор нафар одамон аз нуқтаҳои аҳолинишини зериобмонда кӯчонида шуда, қариб 250 ҳазор нафар сокинони ҷазира чанд рӯз бе қувваи барқ ва алоқа монданд.

 Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 24, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе