Дар Зеландияи Нав бар асари тӯфони тропикӣ 23 нафар бедарак шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Зеландияи Нав натавонист мавқеи ҷойгиршавии 23 нафарро, ки бар асари раъду барқ ва обхезии дар натиҷаи тӯфони тропикии Габриел рухдода бедарак шуд, муайян кунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 24 феврал полис хабар додааст.
«Шабонарӯзи гузашта полис 443 тадбири пешгирикунанда гузаронид. Дар ин муддат мо 526 занг, аз ҷумла 15 огоҳӣ оид ба ҳодисаи дуздӣ ва 2 хабар доир ба рабудани мошинҳоро қабул кардем. 13 нафар барои қоидавайронкуниҳои гуногун боздошт карда шуд», — хабар доданд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Тӯфони тропикии «Габриэл», ки дар Ҷазираи шимолии Зеландияи Нав ба амал омад, боиси обхезию ярч дар ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва марказии он гардид. 11 нафар ҳалок шуда, 23 нафари дигар бе дарак маҳсуб мешаванд. Зиёда аз 10 ҳазор нафар одамон аз нуқтаҳои аҳолинишини зериобмонда кӯчонида шуда, қариб 250 ҳазор нафар сокинони ҷазира чанд рӯз бе қувваи барқ ва алоқа монданд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






