Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Сурия бозиҳои дӯстона баргузор мекунад

Февраль 17, 2023 09:37

ДУШАНБЕ, 17.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 ва 24 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Сурия бозиҳои дӯстона баргузор карда мешаванд. Рақобатҳо соати 16:00 оғоз мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бозиҳои мазкур дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор гардида, дар он дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Сурия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1 то 18 март дар Узбекистон баргузор карда мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) вомехӯрад.

Бозиҳои дӯстона

 21 феврал (сешанбе)
 Оғоз – соати 16:00

ТОҶИКИСТОН (U-20) –  Сурия (U-20)

 Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

  24 феврал (ҷумъа)
 Оғоз – соати 16:00

ТОҶИКИСТОН (U-20) –  Сурия (U-20)

 Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 17, 2023 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд