ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШӢ. Ба туфайли он 548 маротиба Парчами давлатӣ барафрохта шуда, 150 бор Суруди миллии Тоҷикистон садо додааст
ДУШАНБЕ, 10.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 548 медал, аз ҷумла 150 медали тилло, 162 нуқра ва 236 медали биринҷӣ ворид намуданд. Маҳз ба туфайли дастовардҳои варзишгаронамон 548 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, 150 маротиба дар сатҳи байналмилалӣ Суруди миллии Тоҷикистон садо додааст. Дар ин хусус Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки натиҷаҳои бадастовардаи варзишгарон нисбат ба соли 2021 беҳтар буда, 150 медал зиёд аст. Аз ҷумла, нисбат ба соли гузашта 47 медали тилло, 41 адад нуқра ва 62 медали биринҷӣ зиёд мебошад.
Имконоти фароҳамшудаи инфрасохторӣ ва коммуникатсионӣ имкон доданд, ки дар доираи Тақвими чорабиниҳои байналмилалии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мамлакати мо соли 2022 мизбони 30 чемпионат ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ гардад. Дар ин мусобиқаҳо беш аз 3500 нафар варзишгарони хориҷӣ иштирок намуданд.
Аз ҷумла, Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ, Чемпионати Осиё оид ба санъати муҳорибаҳои омехта, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Душанбе-2022», Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми кушоди Душанбе-2022» ва ғайра аз ин ҷумлаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд






