ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қариб 2 миллион дона гул шинонида шуд

Февраль 16, 2023 17:01

ДУШАНБЕ, 16.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини сабзазоркунию хуррамгардонӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар мавсими тирамоҳу баҳори соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба миқдори зиёда аз 1,8 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шуданд. Ин матлаб имрӯз зимни инашсти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баён гардид.

Дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия тибқи нақшаи ниҳолшинонии солҳои 2021-2022 ба миқдори зиёда аз 3871 адад ниҳолҳо, аз ҷумла 267 адад дарахтони сояафкан, 200 адад мевадиҳанда ва 3404 адад ороишӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа шинонида шуданд.

Иброз гардид, ки талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошад, ки имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони мамлакат вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он меҳнат мекунанд.

Тазаккур дода шуд, ки бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати таъмини сарсабзию шукуфоии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ноҳия муассисаҳои давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона» таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо дар самти ободонӣ, сабзазоркунӣ ва шукуфон гардонидани пойтахт назаррас мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2023 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд