ФАВРӢ! Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ кушода шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз пас аз бартараф кардани пайомадҳои тарма роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ барои нақлиёти сабукрав кушода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Ҳаракати нақлиёти сабукрав аз Душанбе ба самти Хуҷанд оғоз гардида, минбаъд гузариши нақлиёт аз ду ҷониб иҷозат дода мешавад», — тазаккур доданд дар филиали ширкат.
Ҳамчунин филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки зимни сафар тавассути роҳи мазкур эҳтиёткор бошанд ва ҳангоми ҳаракат эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.
Бино ба пешгӯии Агенти обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар баъзе минтақаҳои мамлакат то 4 феврал ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки шоми 1 феврал дар километрҳои аз 52 то 73-юми роҳи Душанбе — Чаноқ 45 тармаи хурду бузург фаромад, ки дар натиҷа ҳаракати тамоми намуди нақлиёт қатъиян манъ карда шуд.
АКС: филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






